ABNA24 – Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Тедрос Адханом Гебрейесус-раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: Маънӣ надорад, ки ба афроди бузургсоли солим воксан тазриқ кунем ё кӯдаконро ваксина кунем, дар ҳоле ки неруҳои корӣ, афроди солхурдаву дигар афрод бо хатари боло дар саросари ҷаҳон ҳануз мунтазири дозаи аввали воксан ҳастанд .
Раиси созмони ҷаҳонии беҳдошт тазриқи дозаи сеюм ё тақвиятии воксани корона ба афроди дорои нақси эминии баданро як истисно тавсиф кард.
Тедрос Адханом Гебрейесус хотирнишон кард,ки тазриқи воксанҳои тақвиятӣ дар саросари ҷаҳон шаш баробар бештар аз дозаҳои аввалияи воксан дар кишварҳои камдаромад аст .
Дар кишварҳое монанди Амрико тазриқи дозаҳои сеюму чаҳоруми воксани корона барои мардум оғоз шудааст ; дар ҳоле ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт пайваста бо тазриқи дозаи сеюм мухолифат кардааст .
342/